БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ КӮДАКОНРО НАСЛИ ОЯНДАСОЗ МЕДОНАД ВА ҲАМА ҒАМҲОРИҲОРО ДАР ҲАҚИ ОНҲО ДАРЕҒ НАМЕДОРАД!

АНДЕША. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон  саҳми арзанда дорад, ки инро мо пайваста  аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк менамоем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризмро ҳамчун мавзўи калидӣ баҳогузорӣ намудааст.

Дар баъзе ҳолатҳо дини мубини исломро гуруҳҳои ғаразхоҳ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки баъзан характери ҷиноӣ ба худ гирифта буданд, пайваст намуда, кишварҳои  манфиатхоҳ арзишҳои волои динӣ, бахусус дини иисломро сӯистифода намуда, боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар кишварҳои Ховари Миёна гардидаанд.     

Боиси таассуф аст, ки бархе аз шаҳрвандони мо ба доми фиреби  мубалиғони ташкилотҳои террористӣ-эктремистӣ афтода, бо аҳли оила, зану фарзандони худ ба кишварҳои Сурияву Ироқ рафта, дар муҳорибаҳои хунин  ҷангида истодаанд.  Қисмати зиёди  ин нафарон  дар ин муҳорибаҳо ҳалок гаштаанд, қисмати дигарашон зиндонӣ шудаанд. Ин боиси он гардид, ки фарзандони ноболиғи онҳо дар кишвари бегонаю ҷангзада дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону бесарпаноҳ мондаанд. Шаҳрвандони ба гуруҳҳои терористӣ шомилгашта дар вақташ андешаи фарзандони ҷигарбанди худро накарданд, ки онҳо дар диёри бегона ба кадом ҳолат меафтанд, ояндаи онҳо чӣ мешавад?  

Ҳолати барнагардонидани ноболиғон ба Ватан оянда барои миллати тоҷик хатар эҷод менамояд. Чун баъди ба воя расидан онҳоро метавонанд мисли волидони худ гуруҳҳои ифротӣ мағзшўйӣ намуда, зидди миллату давлати худ барангезанд.  

Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус  ноболиғон аз кишварҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.               

Маҳз сиёсати ғамхоронаю  падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки  бегоҳи 30 апрели соли ҷорӣ 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик  аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.                                           Меҳрубониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора ба дили ин ноболиғон ҷой гирифта, алангаи меҳру  муҳаббати онҳо нисбат ба Ватану миллат фурўзон мегардад.

Имрӯз ҳар яки мо тоҷику тоҷикистонӣ вазифадорем, ки нангу номуси ватандорӣ дошта, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодиамон ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.                        

Боварии  комил дорем, ки зери сиёсати пешгирифтаю  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳем кард.                     

Гулмуродзода Қумриниссо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg