БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БАРОИ МО ДАРСИ ИБРАТУ ОМӮЗИШ АСТ!

АНДЕША. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати тарбияи насли наврас ҳамчун қувваи ояндасоз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бобати ба камолрасии онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва фарогирӣ дар муҳити навгониҳо ва азхуднамоии донишҳои замони нав дар замони соҳибистиқлолии мамлакат тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намудааст.

Дар таърихи 30 апрели соли ҷорӣ 84 нафар ноболиғон, аз зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои махсуси Ироқ, ки волидайни онҳо зимни пайравӣ ва пайвастан ба ДОИШ дар набардҳо ҳалок гаштаанд ба Ватан баргардонида шуданд.

Ин амалӣ нек бозгӯйи сиёсати башардӯстона, дурбинона ва ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

Дар воқеъ амали мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун нӯри дурахшону нерӯбахшандаи Офтобест, ки ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон,  новобаста ба оне, ки дар Ватан қарор доранд ва ё дар берун аз Ватан нӯрпоши менамояд.

Зиҳи, Пешвои муаззами миллат!

Каримов Пирмаҳмад- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg