БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ КӮДАКОНИ ТОҶИКРО АЗ ЗИНДОНИ ГУМРОҲОН НАҶОТ ДОД

АНДЕША. Дар дунё қувваҳои некиву бадӣ ҳамеша дар муборизаанд. Гоҳо бадӣ бар некӣ ғолибияти барқосо дорад, вале билохира боз қувваи некӣ бар бадӣ зафар меёбад. Замоне буд, ки як гурӯҳ тоҷикон ба доми фитнаи мубаллиғонӣ ДИИШ афтида, дар лабашон “Аллоҳ акбар” зоҳиран ба Худо, вале аслан ба Шайтон хизмат карданд. Натиҷаи амали чунин шайтонпарастон буд, ки занони чунин мардони беномуси ба қавле “ҷиҳодӣ” дар Ироқу Сурия даст ба дасти доишиёни араб мегарданд (бешармона ин амали нангинашонро “Ҷиҳоди нафсӣ” ном ниҳодаанд) ва даҳҳо кӯдакони бегуноҳашон дар мулки бегона ба хориву зорӣ мисле, ки дар даҳони аждаҳои марг дармонданд.

         Дар зимн, бояд ёдовар шуд, ки миллати тоҷик соҳиб дорад ва намегузорад кӯдакони бегуноҳи тоҷик дар мулки бегона ғулому дастнигар бошанд. Аз ин ҷост, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳар чӣ зудтар ба Ватан баргардонидани кӯдакон ва ноболиғон — шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшуда ҷиҳати пайвас­тан ба сафи ДИИШ ва дигар неруҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, ба миён гузошта шуд.

Дар натиҷа, бо дастгирии Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

         Бо баргардонидани кӯдакон метавон гуфт, ки Пешвои миллат ташаббусҳоеро пиёда месозад, ки ба манфиати халқ аст. Зери таваҷҷуҳ ва тарбия қарор додани фарзандоне, ки аз падару модар марҳум мондаанд, аз анъанаҳои неки миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо метавон ёдрас шуд, ки Пешвои миллат чунин гуфтаанд: “Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор надорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад. Тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мишинохтанд ва мешиносанд”.

Аз ин нуқтаи назар бар меояд, ки Сарвари давлати мо нисбат ба Ватану миллати худ меҳри беандоза доранд ва анъанаи неки милати тоҷик, ки дастгирӣ ва тарбияи кӯдакон аст дар меҳвари сиёсати созандаашон қарор гирифтааст.

Воқеан, қатлу куштор хархашаю низоъ ба ягон давлат хушбахтӣ намеорад. Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз дини мубини ислом, махсусан дар давлатҳои Сурия, Ироқу Либия нобасомониҳоро ба миён овардаанд. Дар ин раванд шахсоне, ки ба доми таассуби диниву мазҳабӣ афтодаанд, фавран ба гумроҳӣ рафта, ба ватану миллат ва дину оинашон хиёнат меварзанд. Волидони кӯдакону наврасоне, ки аз давлати Ироқ баргардона шудаанд, фирефтаи ақидаҳои бебунёди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ гардида, дар натиҷа ба ҳукмҳои сангин 43 зани тоҷик дар зиндонҳои Ироқ ба мӯҳлатҳои аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Аммо бо мурури вақт дарк карданд, ки роҳи пешанамудаашон нодуруст асту онҳоро аз ватану миллат, дину имон ва хешону наздиконашон дур сохтааст. Бо дарки ин маънӣ модароне, ки дар маҳбасҳои Ироқ зиндонӣ гардиданд, розӣ шуданд то фарзандонашон дар хоки Ватан бошанд, на дар зиндон мисли онҳо.

Бо шарофати сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ин кӯдакону наврасон ба оғуши Тоҷикистон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикон аст, баргардонида шуданд. Роҳбарияти давлату ва Ҳукумати мамлакат кӯшиш менамоянд, ки ин кӯдакон худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ба воя расида, баҳри ободии сарзамини аҷдодии худ саҳмгузорӣ намоянд.

Ин ҳодиса бояд барои тамоми мардуми кишварамон, хусусан барои занону модаронамон намунаи иборат бошад, то фарзандони худро дар ҷодаи инсондӯстӣ ва донистани аҳамият ва қадру манзалати Сулҳу Ваҳат тарбия намоянд.

 

Орзу Ҳамидиён - Раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg