БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИТОБ БА АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ АҚИДАҲОИ ИФРОТИИ ТЭТ ҲНИ, ГУРӮҲИ -24 ВА ПАЙМОНИ МИЛЛӢ

ВОКУНИШ. Тоҷикистон давлатест, ки бо заҳматҳо ва фаъолияти пайвастаи шаҳрвандони бо нангу номӯс таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаистодааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бадбинону манфиатҷӯён роҳандозӣ ва амалӣ намуданд, дар худ фаҳмиши хуби сиёсиро ташаккул додаанд, ки ҳеҷ ягон шахс, гурӯҳ бо ақидаҳои ифротӣ ва тундгароёнаи худ ба гирдбоди ғаразҳои нопокашон гирифтор карда наметавонанд. Нуқтаи мазкур хитобест басо равшан нисбати фаъолияти аъзо ва ҷонибдорони ақидаҳои ифротии ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи -24 ва ба қавли муассисон Паймони миллии Тоҷикистон.

Гурӯҳҳои манфитҷӯ, ки дар пушти фаъолияташон манфиатҳои шахсӣ ва ба ҳимин восита амалигардонии хостаҳои шахсони алоҳида қарор дорад, нуқтаи хурдеро ҳамчун далеле, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефтаи ақидаҳои нопоки худ карда номумкин аст, ба назар гиранд. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон ба хуби дарк намудаем, ки ба ғайр аз худи мо каси дигаре, дар андешаи беғарази пешрафту тараққиёт ва ободии ватанамон нест. Ба ғайри худи мо каси дигаре омада Тоҷикистони азизи моро обод намесозад. Шохае дар доираи фаҳмиши мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбати ба мақоми олии қонунгузории мамлакат Маҷлиси Олӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021- рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки шаҳрвандон бо руҷуъмандии беандоза бахшида ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи деҳот ва маҳал моделҳои рушди имконпазир деҳотро амалӣ намудаистодаанд.

Маҳз чунин ташаббусҳои созанда, ҳамдастиву иттифоқӣ ва муттаҳиди шаҳрвандон дар зери сиёсати дурандешона, мантиқона ва дар асл санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброзгари он аст, ки аъзо ва ҷонибдорони ақидаҳои ифротии ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи -24 ва ба қавли муассисон Паймони миллии Тоҷикистон аз амалҳои ифротӣ ва иғвоангези худ даст кашида, дар назди адолат ба амалҳои ғайриқонунии анҷом додаи худ ҷавоб гӯфта, дар паҳлӯи бародарони заҳматкаши худ қарор гирифта, дар зери сиёсати роҳбарияти олии кишвар барои пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳм гузоранд.

Хитоб ба аъзо ва ҷонибдорони ақидаҳои ифротии ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи -24 ва Паймони миллии Тоҷикисто нерӯ ва тавоноии Шумо барои иғво ангехтану роҳандозии дасиса ба манфиати шахсони дар зери ниқоб ва манфиатҷӯён нест, нерӯ ва тавониии Шумо барои ободии гӯшае аз диёри биҳиштосо дар назди падару модар, ёру бародар ва наздикону пайвандон аст.  

 

ТОИРЗОДА Суҳроб Тоир – роҳбари намояндагии ТҶҶ  “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg