БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ҲЕҶ ИРТИБОТЕ БА ДИНИ ИСЛОМӢ ВА АРЗИШҲОИ УМУМИИНСОНӢ НАДОРАД!

ВОКУНИШ. Рӯз то рӯз густариш ёфтани фаъолияти гуруҳҳои террористӣ, доман паҳн намудани он дар тамоми давлатҳои дунё ҷомеаи башариро ба таҳлука андохтааст.

Амалҳои террористие, ки дар як сол дар бештар аз сад давлати дунё рух доданд, баёнгари гуфтаҳои Пешвои миллатанд, ки терроризму экстремизм иртиботе ба дину оинҳои исломӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ надорад.

       Ҳоло ҷаҳони муосир дар ҳоли бархурд ва аз нав тақсим намудани  давлатҳо  қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ дар миёни бархурди манфиатҳои абарқудратҳо қарор дорад, имкони онро дорад, ки он барои манфиатхоҳон ҳамчун восита истифода шавад.  Аз ин рӯ мо бояд ба ҳама неку бад ҳамеша  омода бошем. Аз мусибати солҳои навдуми асри гузашта, ки сарварони ҳизби наҳзати ислом ба сари мардум оварданд, дарси ибрат бигирем. Фаромӯш накунем, ки  ҳоло ҳам боқимондаҳои ин ҳизби террористӣ бо нишондоди Муҳиддин Кабирӣ дар пайи ноором сохтани ҷумҳурӣ ва  ба доми фиреб кашидани ҷавонони ноогоҳ  аз фиребу найранги онҳост.

        Бояд хуб дар хотир дошта бошем, ки аз таълим дур мондан, бесаводӣ ва ноогҳӣ сабаби асоси ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҳамроҳ гардидани онҳо мегардад.

        Тақдири фоҷеангези ҷавонони гумроҳгашта ин гуфтаҳоро бараъло тасдиқ менамояд.

        Аз ин рӯ, мебояд, ки мо ба таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ машғул шавем. Онҳоро саводнок ва соҳиби касби дилхоҳ гардонем. Онҳоро тарзе тарбия намоем, ки ба таърих, фарҳанг, урфу одати миллӣ, ба гузаштаи пурғановати миллӣ арҷ гузоранд.

    Дар ҳамин сурат мо аз хавфу хатари ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ  ҳамроҳ нагардидани фарзандони худ дилпур мегардем.

         Умар Искандаров,  узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ховалинг     

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg