БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛҲОИ 2019-2021«СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ»

АНДЕША. Сайёҳӣ, ё чи тавре, ки имрӯзҳо маъмул гардидааст, туризм дар ҷаҳонӣ кунунӣ ба як соҳаи муҳимӣ тавлидгари даромади соф, баҳрӣ кишварҳои олам мавсуф меёбад. Аз рӯйи иттилои Созмони ҷаҳонии туризм дар соли 2016 мизони даромади кишварҳо аз санъати туризм дар маҷмӯъ ба 120 миллиард доллари амрикоӣ баробар будааст. Кишварӣ биҳиштосои мо низ ба хотири доштани табиати зебо, ҳавои поку беолоиш, кӯҳҳои осмонбӯсу осмонхарош, сангҳои лоҷувардиву гаронбаҳо, дарёву рудхонаҳои муҷалло, чашмаҳои софу зулол, гиёҳҳои дармону шифобахш, меваҳои тару тозаи хуштамъ, манзараҳои афсунгару дилфиреб, дашту домони сабзу хуррам, мардумони шоду сӯҳбаторо ва меҳмоннавоз, фарҳангӣ волои бостонӣ, диёри бисёр ҷаззоб аст, ки метавонад барои ҷалби сайёҳон аз тамоми гӯшаю манотиқи олам омодагӣ бигирад.

         Имсол бо ибтикори фарҳангпарваронаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ватани азизамон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Мардумӣ мо аз замонҳои хело қадим ба сафар ва сайру сайёҳат таваҷҷӯҳи зиёд доштанд. Ба андешаи онҳо чи қадаре, ки инсон ҷаҳонгашта шавад, ҳамон қадар ӯ пухта мегардад. Носири Хусрави Қубодиёнӣ таъкид мекунад, ки дар хона нишинӣ, танҳо нурӣ аз равзана дохилшавандаи хуршедро мебинӣ. Агар рӯзро дидан хоҳӣ, бояд аз кулбаат бурун бароӣ…….

                         Агар ма-р рӯзро медид хоҳӣ,

                        Сар аз равзан бурун бояд-т кард.

    Саъдии Шерозӣ, ки сеяки умри бобаракати хешро ба сайёҳат гузаронида, китобҳои оламшумули «Бӯстон» -у «Гулистон»-ро эҷод кардааст, «Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме».

    Ё ҷойи дигар гуфта:

     Гар ба дӯкону хонадар гиравӣ,

     Ҳаргиз, эй хом, одамӣ нашавӣ.

     Бирав, андар ҷаҳон тафарруҷ кун,

     Пеш аз он рӯз, к-аз ҷаҳон биравӣ.

 

    Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ҷаҳонгардиро тавсиф намуда, онро сабабу омили ба дониши инсонҳо зам гардидани донишҳои нав ба навӣ ба ҳаёту зиндагӣ даркорӣ меҳисобад:

     Дар ақсои олам бигаштам басе,

     Бар сар бурдам айём бо ҳар касе.

     Таматтӯъ зи ҳар гӯшае ёфтам,

     Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

 

    Имрӯз низ ин анъанаи нек дар байни адибони муосири мо роиҷ аст…… Дар радифи ҳамон абармардони арсаи шеъру эҷод мо тасмим гирифтем, ки аз рӯзгорӣ марди хоксору одӣ, ҷаҳондида, инсонӣ ҳақталабу ҳақҷӯ – сайёҳ Тӯра Шукур қисса кунем. Мусаннифӣ ин сатрҳо чор-панҷ сол қабл аз ин дар бораи саёҳати ҳафтоду ҳафтрӯзаи ин марди наҷиб ва оҳанинирода, сабур ва пуртоқат ба хонандагон маълумот дода будам. Баъд аз гузаштани чанд муддат аз ин саёҳати тӯлонӣ ногоҳ Тӯра Шукур бемор шуда, ба шифохона бистарӣ мегардад. Ман аз бемории ӯ огоҳӣ ёфта, чандин маротиба ба аёдаташ рафтам. Табибон ба хулосае омаданд, ки пойи чапи ӯ осеб дида, бо асобағал ба роҳ рафтанаш имкон дорад. Муаллим чанд муддат бо асобағал ба кор ҳозир мешуд (ӯ дар бунгоҳи дастурдиҳӣ шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён мушовир шуда адои  вазифа менамуд). Баъзан банда шухиомез мегуфтам, ки боз ба саёҳат рафтанист. ӯ ҳар замон «Ҳамин, ки шифо ёфтам, албатта, боз ба саёҳат меравам» мегуфту мемонд.Моҳи августӣ соли 2016, Тӯра Шукур ба нафақаи кӯҳансолӣ баромад. Чун ба истироҳат баромад, асобағалро ҳам як сӯ гузошт. Бештар ба варзиш машғул мегардиду вақташро бо мутолиаи асарҳои бадеӣ сарф менамуд. Рӯзе дар заминӣ наздиҳавлигӣ машғулӣ кори деҳқонӣ будам, Тӯра Шукур аз чойхонаи шаҳрак телефон карда, ба наздаш омаданамро таъкид кард. Зуд тарҳи либос намуда, ба ҳузураш шитофтам. Ману мусоҳибам қариб чор соат суҳбат намудем. Мавзӯи суҳбатамон сафарӣ тӯлонии бистрӯзаи ба таъбири Саъдии Шерозӣ «ҷаҳондида, ҳақоиқшинос, донишандӯхта, сафаркарда, суҳбатомӯхта, сарду гарм чашида, хушманд»….Тӯра Шукур буд. Дар муддати  бист рӯз қаҳрамонӣ лавҳаи мо як гурӯҳӣ ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб вилоятӣ Хатлонро тавассути дучархааш сайр намудааст. Инак, фишурдаи суҳбати мо бо Тӯра Шукур пешкашатон мегардад.

          Ман фикр мекунам, ки коми маро ҳангоми таваллудам момодояҳо «сайёҳ шавад» гуфта бардоштаанд. Бо вуҷуди ҳамин қадар душвориҳо, хавфу хатарҳои маргбор ман аз раъйи интихоб кардаам барнагаштам.Ҳоло хотираҳои замонӣ наврасиам пеши назар меоянд. Ман борҳо аз деҳаамон Меҳнатобод то ба шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар) ва марказӣ ноҳияи Вахш пиёда рафта меомадам, -идома дод ба суханаш мусоҳиби мо.Саёҳатро аз таҳти дил дӯст медорам. Хостам ин сафарӣ бистрӯзаам ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рост ояд.

          Муаррифнома: Тӯра Шукур 11-уми июли соли 1952 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Вахш таваллуд ёфтааст. Айни замон дар деҳаи «Баракат»-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён истиқомат дорад. Хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории шаҳрӣ Душанбе ба номи С.Айнӣ, факултаи технологияи умумӣ. Оиладор соҳиби нуҳ фарзанду бисту панҷ нафар набера. Ҳоло нафақахӯр, шеър эҷод мекунад. Маҷмӯаи нахустини шеърҳояш бо унвонӣ « Бонги нимашаб» аз тариқи нашрияи Қӯрғонтеппа соли 2016 дастрасӣ ҳаводорони шеъру адаб гардида, маҷмӯаи дуюмаш дар арафаи чоп мебошад.

             Пагоҳии барвақт аз деҳа баромада рост роҳи шаҳрӣ Бохтарро пеш гирифтам. Аз бозор чизу чораҳои сафариро дарёфт карда, ба сӯйи шаҳрӣ Леваканд роҳ паймудам. Ба шаҳрӣ Леваканд расида, дар тарабхонаи барҳавои он, ки ба гулдонҳои калонҳаҷм гулҳои зебову муаттар парвариш меёфт, ду соат нишаста, истироҳат намуда, ғизо тановул кардам. Баъд ҳаракатамро ба сӯйи шаҳрӣ Данғара идома додам. Ҳаво ҳам гарм мешуд, суръати ҳаракати ман сусттар мегардид. Роҳ кӯтал, баъзан сарнишеб мешуд. Зери сояи дарахтони писта дам гирифта, боз роҳамро идома медодам. Бегоҳ ҳаво қадре салқин гардид. Офтоб охирин нурҳои худро ҷамъ карда ба паси теппаи баланде фурӯ мерафт. Атрофро яку якбора пардаи торикӣ иҳота кард. Ман дар як қисми ҳарбии сарироҳӣ қарор гирифтам. Афсарон фаҳмиданд, ки камина сайёҳам, зуд бароям як хоначаро омода намуда, чой ва хӯрок оварданд. Сипас баъди чою хӯрок дар кати омода кардаи ҳарбиён хоб рафтам. Пагоҳии барвақт аз хоб бедор шуда, бо афсарон худоҳофизӣ намуда, сайёҳатамро идома додам. Аллакай ман ба шаҳрӣ зебоманзараи Данғара ворид шудам. Гулу гулгаштҳои кӯчаҳои зебои шаҳр, шилдирросзанон ҷорӣ гардидани об дар ҷӯйчаҳои бетонӣ диққатангез буданд. Ҳусну тароватҳои шаҳрӣ Данғара моро боз мафтуни худ менамуд. Як шаб дар шаҳр монда,  пагоҳӣ ба деҳаи Ғарғара равон шудам. Деҳаи Ғарғара ба шаҳрак шабоҳат дошт. Кӯчаҳо тозаву озода, об фаровон. Қадқади кӯчаҳои деҳа гулҳои садбарги сурху сафед ва арғувонӣ шинондаанд, ки аз накҳати бӯйи гулҳо бинанда ба ваҷд меомад. Муомилаву муносибати сокинони деҳа аҷоиб буд. Бо як хушнудӣ ва меҳри самимӣ меҳмонро иқбол мегирифтанд. Бошандагони деҳа асосан ба чорводорӣ, парандапарварӣ машғул буда, хонаи бемурғи марҷонро тасаввур карда намешавад. Ҳама аз ин навъи парранда дар ҳавлиҳояшон нигоҳ медоранд. Гандуму ҷав, нахӯд ва зағир низ парвариш карда мешудааст. Баъд аз се-чор соат тамошои ин деҳаи хушманзара ва мардумӣ меҳмоннавозӣ он рӯ ҷониби мавзеи Кангурт ниҳодам. Замини Кангурт ба қаламравӣ ноҳияи Темурмалик дохил аст. Дар муддати ду рӯз ба Кангурт расидам. Сарӣ роҳ боғҳои зебо ва дарахтони пурмеваро дучор меомадам. Боғҳои навбунёд ҷо-ҷо ба чашм мерасиданд. Иншоотҳо нотамом, ки дар наздашон мардум машғули заҳмат буданд, дида мешуданд. Ин манзараҳо басо мароқовар ба назарӣ ман намудор мегардиданд. Дарёчаҳои кӯҳӣ сарӣ қадам ба назар мерасиданд. Ба назарӣ банда дар мавзеи Кангурт тамоми намудҳои парандаҳо ба чашм мехӯрданд. Ман ба деҳаи хушманзараи Кангурт даромадам. Деҳа басо зебову ҷолиб буда, қад-қади ҷӯйборҳои он дарахтони сершоху барг, ороишӣ ва сояафкан шинонида шуда буданд, ки ба ҳусни таровати тоза зам менамуданд. Марказӣ деҳа ободу дилрабо буда, гулбуттаҳои рангорангӣ дар зери пайкараи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ шинонида шуда, ҳусни он ҷойро зиёд менамуд. Ман ба осорхонаи шоир даромада, ба баъзе дастхатҳои адиб аз наздик шинос шудам. Мақбараи Ҳоҷӣ Ҳусайн дар як баландии Кангурт воқеъ будааст. Он ҷо рафта қабри шоири боистеъдод, шоире, ки аввалин шуда ба достони « Комде ва Мадан»-и Бедил ҷавоб гуфтааст, зиёрат кардам. Аз мазори шоир баргашта, шабро дар марказӣ деҳаи Кангурт рӯз кардам. Боз қад-қади роҳ мақбараи чандин шахсиятҳои барҷаста ва ходимони динӣ дар замони гузашта машҳур бударо зиёрат намудам.

             Сипас аз роҳи Кангурт рӯй ҷониби Балҷувон ниҳодам. Балҷувон мавзеи боду ҳавояш мӯътадил буда, ҳароратӣ баланд ба мушоҳида мерасад. Вале як чиро бояд махсус қайд кунам. Дар Балҷувон хазанда-мору калтакалос (келас) хеле зиёд дида мешавад. Сарӣ қадам ба морҳо дучор меомадам. Вале аз рӯйи нақлӣ одамони маҳаллӣ он морҳо безаҳр буда, то ҳол кассе дар ёд надорад, ки ба шахсе зиён расонида бошанд. Баъд аз дарёӣ Сангоб ва Яхсӯ гузаштам. Ба деҳаи Калтачинор расидам, ки ногоҳ тарафи шарқии осмонро абрҳои сиёҳӣ тира фаро гирифта, раъду барқ сар шуд. Ду рӯз беист борон меборид. Ман худро дар зери иморати кӯҳнае ҷой карда, ду рӯз он ҷо мондам. Баъди исти борон ба роҳ баромадам. Ҳаво тоза, атроф софу беғубор. Шахс мехоҳад, ки аз ин ҳавои мусаффо бо серӣ нафасӣ тоза кашида, пайкарашро осоиш диҳад….. Зери дарахте қарор гирифтам. Ҳамин вақт хишир-хишири чизе ба гӯшам расид. Дурусттар диққат диҳам, як мори бадвоҳима, ки ғафсиаш ба ғафсии банди пой монанд буд, ду –се метр аз ман дуртар дар ҳаракат аст. Аз дидани ин ҳол дар шигифт монда, зуд аз он мавзеъ дур шудам. Манзараҳои зебои Балҷувон нотакрор ва диққат ҷалбкунандаанд. Муносибати одамонаш хубу хотирмон. Дар деҳаи Калтачанор заводи асвалтпазӣ бунёд ёфтааст, ки наздикӣ сесад нафар коргарон бо кори доимӣ таъминанд. Ин ҳама як иқдоми бунёдкорӣ ва кам намудани сатҳӣ камбизоатии аҳолӣ мебошад.

          Аз Балҷувон ба роҳӣ Ховалинг баромадам. Роҳ ҳамвор ва мумфарш буда, бо сифатӣ баландӣ муҳандисӣ бунёд ёфтааст. Дар муддати ёздаҳ рӯз ба Ховалинг расидам. Деҳаҳои гирду атрофро сайркунон ба сӯйи Дараи Мухтор роҳ пеш гирифтам. Ман бисёр мехостам, ки Дараи Мухторро ҳар чи барвақттар бубинам. Вале рафтан то Дараи Мухтор басо душвору мушкил буд. Аммо ман ин душвориҳои пешомадаро бо нерӯи ақлонӣ зуд бартараф менамудам. Ниҳоят ба қадамҷои Восеи мубориза расидам. Дараи Мухтор калонтарин деҳаҳои Ховалинг маҳсуб меёбад. Дараву теппа ва кӯҳҳои пастӣ онро дида хаёлан бо Восеи мубориз дар суҳбат мешудам. Ба осорхонаи Дараи Мухтор рафта ҳамон кундаҷувозе, ки замоне Восеъ ба воситаи он равған мекашид, тамошо кардам. Дуруд ба баҳодурони Хатлонӣ, ки дар замонӣ Манғития ба зулму ситам тоқат накарда, бо роҳбарии Восеи баҳодур ба шӯриш алайҳи бедодгарон ба по хестанд, таҳсину офаринҳо гуфтам…….

    Аз Дараи Мухтор баргаштам дарёчаи кӯҳӣ фиғонкунон аз санг ба санге бархӯрда кафккунон ба поён ҷорӣ мешуд. Ғанабам бурда мондааст. Чун чашм кушодам, тӯдаи гургон ва ду – се сар хирси бадвоҳимаро дида мондам, ки аз дарёча об мехӯрданд. Одатан шабона дар куҷое мехобидам, ҳатман гулханеро фурӯзон менамудам. То дарандаҳо наздик нашаванд. Боз саҳарӣ  гулханро хомӯш карда раҳамро давом медодам. Баъд мазори Ҳазрати Султонро зиёрат кардам. Ба деҳаҳои Яхсӯ, Сиёҳпушон, Тагиҷар, Мобайни ҷар, Болои ҷар рафтам. Аз паҳлӯи мазори Ҳазрати Султон дарёи Яхсӯ ҷорӣ шуда, равон асту равон. Ба шаҳри Кӯлоб расида тавассути кӯчаи ба номи Шамсиддини Шоҳин ба мақбараи аллома Мирсаид Алии Ҳамадонӣ расидам. Мақбараи ин шахсияти бузургӣ роҳӣ ҳақиқату тариқатро зиёрат карда, як рӯз шаҳрӣ бостонии Кӯлобро тамошо намудам. Аз кӯчаву гулгаштҳои муҷаллои он гузаштаравон шукри Истиқлолият, шукри пирӯзии сулҳу Ваҳдатро дар кишвар менамудам. Кӯлоб калонтарин шаҳр дар Хатлонзамин ва зеботарин мавзеъ дар он ҷо ба шумор меравад.

           Аз Кӯлоби бостонӣ ба ноҳияи Восеъ саёҳатамро  идома дода, ба шаҳраки Ҳулбук, ки марказӣ маъмурии ноҳияи Восеъ мебошад, омода Баъд аз тамошо кардани ёдгориҳои қадимаи Ҳулбук ба деҳаҳои Қурбоншаҳид, Гулистон, Олимтой рафта аз наздик бо мардуми он ҷо мулоқот кардам. Оиди касбу кор ва машғулияташон пурсон шудам. Аҳолии ин ҷойҳо асосан ба пахтакорӣ ва боғдорӣ машғул будаанд. Баъд деҳаҳои Пӯшиёни боло, Пӯшиёни мобайн ва Пӯшиёни поёнро давр задам. Хоби шабонаро дар зери чодири шаб дар ҳавои кушод ва серситора дар дохилӣ кӯрпаи сайёҳиам рӯз мекардам. Аз Восеъ тавассути роҳи Кӯлоб боз ба Данғара омадам. Аз Данғара ба деҳаи азизам Навбаҳор шитофтам. Сафари ман аз 20-уми май то 10-уми июни соли 2018 давом кард. Аҷибаш он ки гузаштани ин бист рӯзи сафарро нафаҳмида мондам. Бистрӯза сафар ба ман нишон дод, ки мардуми мо бештар ба меҳнатӣ бунёдкорона машғуланд. Аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат қаноатманд буда, бо корӣ амалии хеш нишон медиҳанд, ки ин Ватани воҳид, ки Тоҷикистон ном дорад, боз ҳам ободу шукуфон мегардонанд.

             Дар фароварди сухан мо бо Тӯра Шукур, ба шахсияте, ки дар сайру сайёҳат пуртоқаттарин фард маҳбус меёбад, дар ин «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пеш аз ҳама тансиҳатии комил, рӯзгори хушу хуррам ва комёбиҳои эҷодӣ таманно карда, андешаҳои худро бо мисраҳои Ҳаким Саноӣ ҳусни анҷом мебахшем:

                         Қадри мардум сафар падид орад,

                         Хонаи хеш мардро банд аст.

                         Чу ба санг андарун бувад гавҳар,

                         Кас надонад, ки қимматаш чанд даст?

 

Ҳ.Ҳоҷӣ, узви ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, омӯзгори собиқадор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg