БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМЕША ОТАШИ ЧАРОҒИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГИРО ФУРӮЗОН НИГОҲ МЕДОРЕМ!

АНДЕША. Тавре медонем, мардуми мо дар аввали солҳои навадум дар пайраҳаи сарнавишти худ бо рӯйдодҳои пуртазоду пурфоҷиа рӯ ба рӯ гашт. Маҳз бо ташаббуси гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо дастгирии  хоҷаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки нав Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда буду қадамҳои нахустинро барои рушду ободӣ ва созандагию бунёдкории ин кишвар мегузошт, мушкилиҳо пеш омаданду буҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, хушунат ва бадбинӣ сар зад.

Дар он марҳилае, ки барҳамхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқ ҷараён гирифт ва масъалаи муносибат ба соҳибихтиёрӣ ва аҳамияти он боз ҳам муҳим гардид, давлатҳои бо мо ҳамтақдир роҳи мустақилонаи рушд ва сохти сиёсиву иқтисодиро пеш гирифтанд.

Аммо Тоҷикистон бо ғараз ва кӯшиши баъзе қувваҳои носолим, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иртиҷоӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтод.

Ин албатта пешравӣ ва рушду камолоти ҳамаи соҳаҳои мамлакатро даҳсолаҳо ба қафо партофта, боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, воситаҳои сиёсию дипломатӣ ва дигар воситаҳои ғайриҳарбиро самаранок ба кор мебарад.Имрӯз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи аҳолӣ, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, барқарор ва инкишофи сулҳ, муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Аммо амалияи имрӯза нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар симои ашхоси алоҳида, маҳз зери шиори манфиатҳои миллӣ, демократиякунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мардумсолорӣ, қонунмеҳварӣ, ки ҳамагӣ барои ин шахсон аз як баҳонае барои расидан ба ҳадафҳои шуми хоҷагони хориҷиашон беш нестанд, амал намуда, ба раванди давлатдории миллӣ, ки саропо дар асоси хостаҳои миллӣ бунёд ёфтаанд ва ҷаҳон онҳоро эътироф намудааст, халал ворид менамоянд.

Ҳадафи аслии ин гурӯҳҳо дар бозори хизматрасонии хиёнат харидор пайдо кардану аз ҳисоби бадгӯӣ ба миллату давлатдории миллӣ чархи зиндагии худро чархондан асту халос.

Раванди давлатсозӣ бахусус дар шароити имрӯзаи бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки саропо аз бархӯрди манфиатҳо, муборизаю талошҳо баҳри нигоҳ доштани истиқлолияти давлатию миллӣ мебошад, аз ҳар шахси худогоҳу худшинос ва бахусус дорандаи нангу номус ва ғурури миллӣ тақозо менамояд, ки вобаста ба имконияти дар ихтиёрдоштаи худ кореро барои миллату давлати хеш анҷом диҳад.

Имрӯз шукрона аз Яздони пок менамоем, ки миллати тоҷикро тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми дунё мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Дар ин росто ҳар як сокини мамлакатро мебояд ба умеди анҷуману минбарҳои хоинону бадхоҳони миллат нашаванд, доимо аз ҳама лиҳоз ҳушёру зирак бошем то бозичаи дасти бегонагон нагардем ва ҳамеша оташи чароғи Ваҳдату ягонагиро фурӯзон нигоҳ дорем.

 

Маҳмудова Қумриниссо – узви фаъоли ҲХДТ, ҷонишини директори Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg