БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БА АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ХАТАРИ ҶИДДӢ ЭҶОД МЕКУНАД!

АНДЕША.Воқеан ҷомеаи ҷаҳониро эктремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Аз нуқтаи назари олимону муҳақиқон ифротгароӣ аз ҷумлаи ҳодисаҳоест, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтиқа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Аз рӯи маълумот гуруҳҳои террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ», «Хизб-ут-таҳрир», «Хизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко Харам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом баҳри татбиқи ҳадафхои нолоиқи худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан, барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нефту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд.

Донишмандони исломшиносон борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардаҳои ин гуруҳҳои ифротгароӣ ва дигар гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, ки бо номи «ҷиход» анҷом дода мешаванд, ки бо исломи асилу ноб ҳеҷ рабте надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки ин гуруҳҳои ифротӣ хуни ҳазорҳо нафар шахрвандони бегуноҳ рехта мешаванд, кӯдакон бесарпанох ва занон ба ҳалокат мерасанд.

Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 26 декабри соли 2018 бори дигар таъкид сохтанд, ки «Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

         Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.

Мо ҳамеша ба суханони Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум месозем. Инчунин барои хифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмамдонаю бунёдкоронаи Президенти мамлакатро дастгирӣ мекумем.

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва кимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст. ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм хифз кунем ва хама аз як гиребон cap бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат бо афкорӣ экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафи дар лахзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

 

Зайдуллоев Муҳамадҷон – аъзои фаъоли Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg