БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ДАР БАЙНИ МАРДУМ

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Рӯдакӣ чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ Бекмамад Асалмамадов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, қайд кард, ки оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо аҳолии ҷамоати деҳоти «Панҷ» ва деҳаи «Рӯдакӣ» корҳои маърифатию таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро доир намуда, мазмуну моҳияти қонунҳо ба саҳми мардум бори дигар ва пурра расонида истодаем.

Мавриди зикр аст, ки бори аввал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ санаи 24-уми майи соли 2007 қонуни мазкурро ҳамчун нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди ин худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg