
ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офотобак” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДт дар ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад намуда атрофи таълиму тарбияи кӯдак ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз ҷиҳати тадбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз тарафи аъзои фаъоли ҲХДТ Сабуров Неъматулло ба муассисаи “Офтобак”-и ноҳия кӯмаки моддӣ расонида шуд.