
ҲАМАДОНӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Пахтаобод бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гаффорзода Давлатҷон қайд кард, ки бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хаирхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям, ки дар раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрвандӣ бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу коре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.
Дар охир аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ китобҳои тозанашри Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвонҳои “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ дар мисоли НБО-Роғун”, “Тоҷикистон сарзамини сайёҳи ва макони ҳунарҳои мардумӣ” ба иштирокчиён дастрас гардид.