БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БОЯД БА ҚАДРИ ҶОНБОЗИҲОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГ БИРАСЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар шаҳри Левакант бо иштироки аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи таълимии №10-и деҳаи Зағертут вохӯрӣ доир гардид, ки масъалаҳои меҳварии онро 74-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ва қарзи имонии ҳар ҷавонмард будани муҳофизати марзу буми Ватан дар бар мегирифт.

Фароғат Назарова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон  дар шаҳри Левакант Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, Абдулҳаким Мастов, собиқадори соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Худойназар Ашуров, собиқадори соҳаи маориф дар шаҳри Левакант зимни суҳбат дар бораи сабабу омили ба вуқуъ пайвастани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иттиҳоди тамоми мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили зулму истибдоди фашизм ва қаҳрамонии бемисли фарзандони халқи тоҷик дар ин ҷанг сухан гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg