
ДӮСТӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷояги бо аъзоёну ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ деҳаи «Озодӣ»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем»-ро баргузор намуданд.
Дар аксияи мазкур сокинони деҳаи Озодӣ барои тозаву озода ва сафед намудани бехи дарахтони сояафкани шоҳроҳ баромада, тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя як бунгоҳи тиббии замонавиро дар маҳалашон сохта ба истифода медиҳанд.