
ВОСЕЪ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ “Хоҷамуъмин” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила иштирок ва суханронӣ намуда, қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башаро ниҳоят бузург таъкид карданд, ки зан офарандаи ҳаёт, эҳёгарӣ зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгор мебошад».
Ҳамзамон Иботов Диловар иброз намуд, ки Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин яке аз гунбазҳои калонтарини намак дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Захираи намаки Хоҷамуъмин 40-50 млрд тонна мебошад. Аз нишебиҳои Хоҷамуъмин 163 чашмаҳои шӯр ҷорист, ки имрӯз аз онҳо барои истеъмоли мардум намакҳои истеъмолӣ коркард шуда истодааст.
Дар фарҷом ба 5-нафар кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда, ки дар асоси аризаи худашон ба сафи ҲХДТ пайваста буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.