БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ ИНСОНПАРВАРОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОИСИ ИФТИХОРУ САРФАРОЗИИ МОСТ!

АНДЕША. Хабари ба Ватан баргардонида 84 нафар ноболиғе, ки дар зиндонҳои давлати Ироқ қарор доштанд шунида бениҳоя шод гаштам. Зеро, на ба ҳар як давлату на ба ҳар як роҳбари давлат муйяссар мешавад, ки яку якбора аз ин «ҷаҳаннам» чунин теъдоди зиёди асиронро озод кард. Ман боварии комил дорам, ки маҳз сиёсати сулҳпарварона, инсондўстона, раиятпарварона ва дипломатияи кушодаи Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин ноболиғони бегуноҳи тоҷик ба Ватан аз мамлакатҳои ҷангзада баргардонидашуда, акнун ба ҳаёти осоишат ворид мегарданд.

Дар ин ҷо ибораи мазкур “Ватан чист ин муаммо аз каси дур аз Ватан пурс” ба хотир мерасад. Аммо он 84 нафар дигар дур аз Ватан нестанд. Онҳо дар оғуши гарми Ватан ҳаёти худро идома медиҳанд, аз ҳавои он нафас мекашанд, обҳои мусаффои онро менўшанду дар хоки мубораки он қадам мезананду модари азизу меҳрубони тамоми тоҷикони ҷаҳон Тоҷиикстон онҳоро бо навозиши гарму самимии хеш ба воя мерасонад.

Ба қавли Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ин «Амали Ватанпарварона ва инсондўстонаи Президент» бори дигар аз он далолат мекунад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ватану меҳан вафодор мемонанд. Зеро Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба зидди гурўҳҳои террористиву экстремистӣ баромад намуда, иброз медоранд, ки “террорист ва эктремист Ватан, модар, дин, миллат, забон, нажод надорад”.

Дар хабари мазкур омадааст, ки қазияи шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар Ироқ пурра ба анҷом расидааст ва онҳо дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд, - омадааст дар хабари мазкур.

Ин амали Пешвои миллат бори дигар сари мардуми шарафманди тоҷик ва тоҷикистониёнро баланд бардошт. Ва ба ҷаҳониёни исбот намуда, ки мардуми тоҷик бесоҳибу несту тамаддуни воло, Пешвои хирадманд, оқил ва дерандеш дорад.

Бо боварии том гуфта метавонем, ки шаҳрвандони дигаре ки дар асорати давлати ба ном “Исломӣ” қарор доранд, аз ҷониби далвату ҳукумати Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат барои баргардонидани онҳо чораҳои зарурӣи андешида, ба ҳаёти осоишта баргардонида мешаванд.

Толибзода Толиб - мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg