БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЯТҲОИ НЕКИ ВАТАНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПАЁПАЙ АМАЛӢ МЕГАРДАНД!

АНДЕША.Имрўзҳо дар ҳама минтақаҳои Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон хабари баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғ, ки дар асорати «Давлати бо ном Исломӣ» ки солҳои дароз дар ҳудуди давлатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ки боваъдаҳои пучу дуруғи зархаридони хориҷӣ бо мақсади пайвастан ҷалб гашта буданд, дар ниҳоят аз суи мақомоти давлати Ироқ дастгир ва ба зиндон афтоданд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушунидҳои тўлонии ниҳодҳои дахлдор, тариқи хати сайри Боғдод – Душанбе ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Ин амалҳои нек шаҳодати инсондўстона ва ватанпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстонро нишон медиҳад, ки ў ба ваъдаҳои дар рўзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон ба мардуми шарифи Тоҷикистон дода буданд, то имрўз содиқ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиаташон гуфт буданд, ки “То вақте як тоҷик аз хоки Ватан берун аст, ман худро ҳамчун роҳбари давлат тинҷу ором ҳис намекунам”.

Барои баргардонидани 84 нафар ноболиғоне, ки маҷбуран падару модаронашон онҳоро ҳамроҳи худ барои иштирок дар ҷангҳои мусаллаҳона ба дигар давлатҳо бурдаанду қисме аз онҳо дар он длавлатҳо ҳалок, беному нишон ё дар зиндонҳо маҳбасӣ мебошад, барои аниқ намудани онҳо корҳои амалӣ бурда, ба Ватан баргардонида шуданд.

Боварии комил дорем, ки бо роҳбарӣ ва ғамхории бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон ки аз нофаҳмӣ ва зудбоварӣ ба ваъдаҳои “пучу болохонадорӣ” мубалиғони гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, барои гўё ҷиҳоди исломӣ ба ба гурўҳи террористиву экстремистии ба ном “Давлати Исломӣ” пайвастаанд, дар кутоҳтарин фурсат ба Ватан баргардонида мешаванд.

Ба ҳамаи ҳамватанон муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки ба гуфтаҳои мубаллиғони гурўхҳои террористиву экстремистӣ фирефта нашаванду зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳҳид гардида, дар Тоҷикистон осоишта ва озоду соҳибистиқлол зинадагии хушу хуррамонаи худро идома дода, барои гулгулшукуфоии меҳани аҷдодӣ, ки онро ном Тоҷикистон аст, камари ҳиммат банданд.

Наҷидуллоев Тавакал - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg