БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧЕҲРАИ АСЛИИ НАҲЗАТИҲО ОШКОР ШУД!

ВОКУНИШ. Баъд аз  фош шудани чеҳраи  аслии наҳзатиёни беномус онҳо боз мехоҳанд бо ҳар макру фиреб дубора Ватани азизамонро ноором созанд. Лек, агар садсолаҳо макру ҳиллаҳои шайтониашонро истифода баранд, боварӣ дорем, ки дубора миллати тоҷикро аз роҳи ҳақ бароварда наметавонанд.

        Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дар тўли 27 соли Истиқлолияти давлатиаш ба дастовардҳои бузург дар арсаи байналмилаллӣ ноил гардидааст, дар ҳамин муддат ҳамчун кишвари соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду  дунявӣ шинохта шудааст.

Ҳамаи ин мувафаққиятҳои кишвари маҳбубамонро хоинони миллати тоҷик ба хусус аъзоёни ТЭТ ҲНИ напазируфта, тариқи шабакаҳои  иҷтимоӣ, васоити ахбори омма ва дигар шабакаҳо фаъолияти сохторҳои олии кишварро бо қавли худ ноком нишон медиҳанд, лекин бардуруғ будани ҳамаи маълумотҳои онҳроро мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб медонанд.

Роҳбари ТЭТ ҲНИ дасисаҳои навбатӣ ва амру фармонҳои хоҷагони хоричиашро тариқи пахши мустақим дар шабакаи Ютуб ба роҳ мондааст.  Аз ин рафтори онҳо бармеояд, ки аллакай корҳои паси пардагиашон натиҷаи хуб надода, роҳи наверо барои пиёда кардани ниятҳои нопоку разилонаашон пеша кардаанд.

Ҳамарӯза аъзоёни ин ташкилоти эктремистию-террористӣ аз кишварҳои аврупо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ амру фармонҳои хоҷагони хориҷиашонро ба гуши тарафдоронашон мерасононд.

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон боварӣ дорем, ки агар Кабирӣ ва тарафдоронашон кадом роҳеро интихоб накунанд, мо онҳоро ҳамчун хоин ва душмани миллати тоҷик мешиносем, бо ҳеҷ кору рафторашон дигар дили мардумро ба даст оварда наметавононд. Ҳар гуна баромаду пахшҳои мустақимашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дигар суде барояшон надорад, чунки  амалҳои муғризонаю ғаразонаи онҳоро кайҳо мардуми шарафи тоҷик  қотеъона маҳкум намудаанд.

        Кабирӣ фаромўш кардааст, ки миллати тоҷик то ба ҳол амалҳои даҳшатноки замони ҷанги шаҳрвандиро, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ пеши чашми мардум анҷом медоданд, милатро ғорат карда буданд, фаромўш накардаст. Алакай парда аз симои наҳзатиён бардошта шуд ва симои воқеии онҳо ошкор гардид. Ҳодисаҳои солҳои охир дубора нишон дод, ки ин хоинон, душманони миллат аз амалҳои анҷомдодаашон пушаймон нестанд ва даст ҳам накашидаанд. Аз амалҳои анҷомдодаашон  бармеояд,  ки шиори ин нокасон  “Барои нобудии миллат, пароканда намудани  сохти конститутсионии кишвар,  ҷорӣ намудани  мазҳаби шиъа ва пиёда сохтани ҳадафҳои хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикисон”  мебошад.

        Мо медонем, ки мақсади асосии ТЭТ ҲНИ ва роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ  ба таври зурӣ ва низоъ андахтан  дар кишвар  ба  даст  овардани ҳокимият аст.  

Аз симои  аслии наҳзатиён ва роҳбарияти он миллати тоҷик ба хусус, мо ҷавонон хуб огоҳ ҳастем , ба рафтору кирдори нопоки  ин хоинон дуруст баҳо дода, кишвари азизамонро аз ин ташкилоти террористӣ эмин нигоҳ медорем.

 

Фирдавс Ғафурзода - мудири  шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg