БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК ДИГАР ФИРЕФТАИ АҚИДАҲОИ ИФРОТИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ НАХОҲАД ШУД!

ВОКУНИШ. Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкил шудани давлати муттаҳидаи арабҳо - Хилофати Араб (622-1258) гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон накши муҳим бозид. Азбаски дар исломи ибтидоӣ ғояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накўкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар тарғибу талқин шуда, зулму истибдод, риёкорӣ, дурўғгўӣ, ришвахўрӣ зери тозиёнаи танкид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронй хам онро писандида қабул карданд.

Манбаъҳои ғоявии ислом, қабл аз ҳама дини яҳудй, масеҳй, динҳои қадимаи қабилаҳои араб, зардуштия ва монавия мебошад. Асоси таълимоти дини исломро китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб шуда, пояи асосии дини ислом аст.

 Имрўзҳо дар зери ниқоби дини Ислом хар гуна ҳаракат ва равияҳои ифротгаро чун Паймони миллӣ, Анҷумани озодандешон, Анҷумани муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ ва ҳатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодаанду, сафҳои худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу худбохта пур месозанд ва агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд.

Мо низ, халқи тоҷик, ки таърихи қадим ва ибратомўз дорем, бояд нагузорем, ки ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда, сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ шавад.

Ифротгароён, ки бо амалҳои зишту зиёнкоронаи худ ба инсонҳои оддӣ, махсусан нисбат ба занону кўдакон тундравӣ ва амалҳои ҷоҳилонаро амалӣ менамоянд, мақсадҳои хушунатомез, сиёсӣ ва мазҳабии худро роҳандозӣ мекунанд. Ҳеҷ модаре фарзанди ҷинояткорро таваллуд намекунад, сари гавҳора бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек шабзиндадорӣ менамояд. Вале мутаассифона, дар бисёри мавридҳо тарбияи нодуруст ва надоштани фарҳанги динии комил ҷавонони моро ба доми фиреби гурўҳҳои дорои хусусияти ифротиву террористидошта гирифтор мекунад. Ифротгароён аз камсаводӣ ва надоштани маърифати динии ҷавонон истифода менамоянд ва онҳоро бо ҳар роҳу усулҳои ба худ хос тобеъ мегардонанд.

Хушбахтона, нақшаҳои аҳримании онҳо шикаст хўрд (ҳодисаҳои нангини соли 2015) ва онҳо роҳи гурезро пеш гирифтанд. Акнун аз хориҷ истода худро бегуноҳ нишон додани онҳо амали ноҷавонмардист. Миллати мардумсолор ва хирадгару фарҳангофар дигар фирефтаи ақидаҳои ифротии ҳизби наҳзат нахоҳад шуд. Ҳизби наҳзат ҳеҷ гоҳ ғолиб намешавад. Кишвареро, ки бо дассисаву маблағи ғаразноки аҷнабиён ба коми оташ кашида ва бародарро ташнаи хуни бародар гардонида буданд, дар  натиҷаи ҳамбастагии азму иродаи халқ бо роҳбарии Сарвари воқеъбину дурандеш ба ҳам оварда, кинаро аз дидҳо дур кард, оромию суббот ва пешрафти кишварро таъмин намуд. Хотирнишон намудани воқеаҳои гузашта барои он лозиманд, ки ҷавонони камтаҷриба ба доми наҳзатиёни хоину  фитнагарҳо наафтанд.

Чуноне ки аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Террорист  дину мазҳаб ва Ватану миллат надорад». Ин гуфтаҳо дурӯстанд. Чунки террористон ба хушунату вайронкорӣ ва худкушиву амалҳои даҳшатангез даст мезананд, ки хоси мардуми мусалмон нест. Ин тоифа танҳо ба хотири ноором сохтани ҷаҳон, аз байн бурдани қавме ва ё миллате мекўшанд ва бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ карданӣ мешаванд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва насли ҷавону ояндасози он баҳри бехатарӣ, таҳкими дўстию ваҳдати миллӣ дастаҷамъона ва оқилона талош варзида, бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватанамон дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти давлату миллати куҳанбунёди худ саҳми босазо мегузоранд. Дар ин маврид хар шахс аз диди воқеият ва адлу инсоф бояд дарк намояд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи миллатҳои маскуни он баракати сулҳу ваҳдат ва ҳамдилиро дида, кишварро ба ҷодаи пешрафту гулгулшукуфоӣ равона сохтаанд. Дар ин роҳ заҳматҳои мондагори ҷонфидои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки халқ ўро «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» эътироф кардааст, ба ҷаҳониён равшан намудор аст. Мо имрўз бояд дарки онро дошта бошем, ки вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон қадр намудани арзишҳои сиёсӣ, маданӣ ва давлатдории навини миллӣ мебошад.

 

Наботов Анвар-узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg