
А.ҶОМӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бахшида ба эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки кормандони ҳизб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ғайрат»-и деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Зимни вохурӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва хатари экстремизму тероризм, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ саҳм гузоштан дар ободии Ватан суханронӣ намуд.