ХУРОСОН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.
Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳнатобод-1»-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин дар вохӯрӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, шарҳу тавзеҳи ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-декабри соли 2018 бармеояд ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханрони карданд.
Дар хотима бо дастгирии аҳолии деҳа тариқи ҳашар бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Ғаллаобод сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон фаолон оид ба расонидани кумак ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, тавсияҳо гирифтанд.