БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМЕША БА КӮДАКОНИ МАЪЮБ ДАСТИ КӮМАК ДАРОЗ КАРДА МЕШАВАД!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.

 Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи табиат” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар он раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Ҷавшан Ёқубов,  аъзои ҲХДТ Фирдавс Абдураҳимов ва чанде дигарон баромад намуда, қаноатмандии хешро аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Ҳамчунин, омодагии хешро дар мубориза бар зиди  терроризму экстремизм ва  дигар падидаҳои номатлуби замон, аз ҷумла нашъамандию нашъаҷалобӣ, коррупсия,  гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои боздоштанд.

Аъзоёни ҲХДТбаъди хониши сиёсӣ дар асоси Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!” ба чанде аз кӯдакони маъюб дасти ёрӣ дароз намуда,  ба онҳо як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ  дастрас карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg