БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ТАРҒИБГАРИ АНЪАНАҲОИ НЕК ДАР МАҲАЛ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ” Меҳнатобод” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

 Дар он раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло оид ба корҳои ободониву созандагь ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ кард.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони деҳаи Меҳнатобод зиёда аз 2 км роҳои байни деҳаро тахту ҳамвор ва сангфарш намуданд. Ҳамзамон  ба 10 нафар оилаҳои камбизоату ниёзманд кӯмаки яквақтаина расонида шуд .

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ба корҳои ободониву созандаги дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва ташкилотҳои ибтидои ҳизбии он баҳои баланд дод .

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg