ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ.
Бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Куҳандиёр”-и даҳаи Куҳандиёр 1-и ҷамоати деҳоти Ватан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳашари умуми баргузор карда шуд.
Дар ин рӯз сокинон ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, бо ҷалби маблағҳои сокинони деҳа роҳҳои байни деҳаро дар масофаи зиёда аз 1 км сангфарш намуданд. Ин ицдомщои созанда дар дигар деҳо низ идома дорад.