БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗИИ МО ВОБАСТА АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Ғалаба” аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  хониши сиёсӣ доир гардид.

Мақсад аз баргузории ин хониши сиёсӣ пеш аз ҳама тадбиқи ҳадафҳои барномавию оинномавии ҲХДТ ва ба ҳозирин фаҳмонидани ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд..

Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок ва суханронӣ намуд.

Баъд аз анҷоми маҷлис, ҷиҳати татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Олимов Абдухолиқ иштирокчиён тасмим гирифтанд, ки баҳри нарм намудани гирди дарахтон ва тоза кардани назди муассиса саҳмгузорӣ  намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg