БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУЛПАРВАРИ ХОСИ МАРДУМИ БОФАРҲАНГ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатиро сазовор истиқбол менамоем.  

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳр ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шинонидани гулҳои ороишӣ машғул шуданд. 

Мавриди зикр аст, ки дар озмуни Ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки шаҳри Левакант дар ҷамъбасти озмуни вилоятӣ сазовори ҷойи сеюм гардид  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Леваканд низ ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар ободу зебо гардонидани шаҳр бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант сарфароз гардонида шуд.

Дар ин ҷоиза саҳми ҳар як корманди Кумитаи иҷроия бориз арзёби карда мешавад, ки дар корҳои ободонӣ, кабудизоркуниву гулшинонӣ бо масъулияти баланди ҳизбӣ саҳми худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg