НОРАК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.
Бо ташабуси роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони ватан” дар шаҳри Норак дар маркази технлогияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионии шаҳр бо омӯзгорони фанни технологияҳои иттилооти вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Фирдавс Ғафурзода оид ба фарҳанги истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, тарзи дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.
Ҳамзамон, Давлатшо Назаров муовини директори муассисаи давлатии Маркази технлогияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ оид ба тарзи дуруст истифода намудани шабакаҳои интернетӣ, мубориза бар зидди маводҳои муғризонаи ташкилотҳои террористию экстеремистӣ ва саривақт посух навиштан ба маводҳои онҳо суханронӣ намуд.