Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Абдувадуд Дустов»-и Кумиаи иырои ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор карда шуд. Зимни баргузории чорабинӣ Асоев Хизирдин дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд намуд, ки дар шароити хеле ҳассос ва мураккаби ҷаҳони муосир, ки гурўҳҳои манфиатхоҳ аз нерўи ҷавонон истифода намуда, ақидаҳои ғаразноки худро амалӣ кардан мехоҳанд, ҷавонони мо бояд Ватани азизи худро сидқан дўст дошта, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои фардии худ ва ғайри миллӣ боло гузоранд.