ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ.
Бо мақсади иштирок ва саҳмгузории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ёвон ҷиҳати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва ҳамзамон бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷоннок намудани фаъолияти таблиғотӣ ва роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» ташриф оварда, бо мардуми маҳаллаи Фурқат атрофии самтҳои афзалиятноки ҲХДТ вохӯрӣ анҷом доданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки мардуми деҳаи мазкур дастаҷамъона аз масофаи ду километр тавассути ҳашар ва дастгирии соҳибкорону мардуми маҳалла оби ошомиданӣ оварда истодаанд.