ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зафаробод»-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо падару модарони хонандагони МТМУ №41 мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза дар назди ҳозирин баромад намуда оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ намуда, аз волидон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати риояи талаботи қонуни мазкур ҷиддӣ бошанд ва фарзандони хуудро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихорӣ миллӣ ва илмомӯзӣ тарбият намоянд
Дар охир кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сокинонро баҳри корҳои ободониву созандагӣ даъват намуданд.