ҲАМАДОНӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.
Дар маҷлисгоҳи муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки директорони мактабҳо,кормандони соҳаи тандурустӣ, роҳбарони ташкилоту муасисаҳо, имомхатибони масҷидҳо, ҳамоиш таҳти унвони «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташакулли мафкураи зиддикоррупсионӣ» шуда гузашт.
Дар ҳамоиш инчунин кормандони прократураи ноҳия, Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳия, ШВКД иштирок ва баромад карданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д.Ғаффорзода дар бораи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ баромад намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи пайваста бурдан бо зуҳуроти номатлуб –каррупсияро таъкид намуданд ва аз ҳар яки мо ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳуроти масъулияти баланд ва муборизаи дастаҷаъонаро талаб намуданд.