ФАРХОР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиатноки фаъолияти ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Ватан” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Зимни баромад нотиқон оиди фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва огоҳии мардум дар мавриди хатари тероризму экстремизм бо мақсади пешгири аз ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ инчунин сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои масаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.