ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сӯҳбат намудан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ба дарки ҳамҳизбиён расонидани моҳияти ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Ваҳдат” вохӯрии навбатиро баргузор карданд.
Дар мулоқот атрофи бо дастовардҳои сазовор ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони « Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Ваҳдат” Саидшоҳи Бурҳон ба як нафар камбизоат Назаров Ҷумахон кӯмаки молиявӣ расонида шуд.