БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ КИРДОРИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА АСТ!

ВОКУНИШ. Мо дар замоне зиндагонӣ карда истодаем, ки хеле аз ҳодисаҳои мураккабу пурихтилофро ҳар кадом давлатҳои дунё баҳри манфиатҳои хеш истифода карда истодаанд. Дар ин роҳ ба зиёдаравӣ ва таҳқири кишварҳои дигар роҳ дода ба мақсадҳои ғаррази ниҳоии худ расида истодаанд. Дар чаҳони  кунунии мо, ҳамчунин, ҳодисаҳои хатар бори терроризм ва ифротгароӣ доман паҳн мекунанд ва ба ҳаёти осоиштаи аҳли сайёра таҳдид менамоянд. Вобаста ба ин ҳолат, аҳли хираду тамаддунгарои ҷаҳонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром бошанду бар зидди ин падидаҳои номатлуб овоз баланд кунанд. Маҳз ба ин хотир дар пайёмҳои худ доимо таъкид кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили таваҷҷуҳ аст. Мо омӯзгорон, ки тарбиятгарони насли наврас мебошем, дар инҷода баҳри пурмаҳсул гаштани кори худ, ба роҳи дурусти зиндагии осоишта ҳидоят кардани ҷавонон бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бошем.

Ҳамчунин, шогирдонамонро ба хушёрию зиракӣ даъват намоем. Дар дарсҳои ҳамаррӯзаамон бо овардани мисолу намунаҳо бо истифода аз далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чӣ гунна равияҳоянд, чи ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоҳанд. Ба ин хотир беҳуда терроризмро чун вабои асри XXI номгирӣ кардаанд.

Имрӯз нисбат ба гуруҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳамулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳак мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд.

Хусусан дар шароити имрӯза қайд намудан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ хамчун чараёни иртиҷои аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фарогирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз вактҳои охир ба гуруҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Чунки тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳангӣ бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳангӣ миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад.

Бахусус имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспушии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари бе иттилоотӣ ва бехабарӣ аз масъала мебошад.

Духтарон ва ҷавонони тоҷик, ки имрӯз дар мактабҳои динии дигар кишварҳо таҳсил мекунанд, метавонанд бо сиёсати ғаразона пешгирифтаи ин давлатҳо ва дигар гуруҳҳои ифротгароён онҳоро, ки имрӯзҳо аз фарҳангӣ миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳи надоранд, ба суи ифроту ифротгарои ҷалб менамояд. Бинобар ин бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти диниро пурра дарк намуда, кушиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро нагарданд.

Тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басо шукргузоранд ва хоҳони онанд, ки дар кишвар доимо сулҳу амонӣ пойдор гардад ва аҳолӣ дар ҳавои софу беғубор умр ба cap баранд. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро дар хотир доранд, ки чӣ ҳодисаҳои даҳшатангез рух додаанд, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ чони худро барои хоинони миллати тоҷик бохтаанд, ки сабабгори ҳамаи ин бесарусомониҳо ҳизбу ҳаракатҳои динию иртиҷоии гуногун буданд ва баҳри расидан ба сари ҳокимият аз кирдорҳои мудҳиши худ истифода мекарданд. Имрӯзхо бархе аз чунин хизбу ҳаракатҳо аз хориҷ истода боз чунин иқдомҳои худро шаҳрвандони Тоҷикистонро, хусусан ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба сафи худ дохил намуда, бо ваъдаҳои бардуруғ ба сафи худ кашиданианд. Чунин гуруҳҳои ифротгароӣ барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ҷавонону наврасонро бештар таввасути шабакаи интернет бо истифода аз шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ баҳри моил карда, ба сафар Сурияву Ироқ, ва дигар кишварҳо даъват менамоянд. Ин гуна созмонҳои ифротгаро дар ин кишварҳо наврасонро чунон ба суи худ ҷалб мекунанд, ки барои онҳо Ватан, модар ва ифтихори ватану ватандорӣ, умуман ҳисси миллию меҳанпарастӣ бегона мегардад. Ин созмонҳо дар ниҳоди ҷавонон шиква кардан, руҳафтодагӣ, тундҳуйй, худхоҳӣ, одамгурезӣ, дунёбезорӣ, хилватнишинӣ, муносибати душманона бо атрофиён, ба Ватану модар, бетафовутӣ нисбат ба дарду ранҷи одамон, нобоварӣ ба ҳозираву ояндаро то ба дараҷае чой мекунанду вусъат мебахшанд, ки онҳо қобилияти андешиданро гум мекунанд. Созмонҳои ифротгар ба наврасону ҷавонон аз ҷиҳати психологӣ фишор меоранд. Мутаассифона, ҷавонону наврасоне, ки ба ин гуруҳҳои ифротгаро дохил шудаанд, дарк намекунанд, ки чӣ гуна зухуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дар дили онҳо чой гирифтааст. Дуруст аст, ки ҷавонону наврасон на хамеша мушкилоти худро мустакилона ва ба таври мусолиматомез ҳал карда метавонанд. Бинобар ин, гуруҳҳои ифротгаро аз кутоҳназарии ин гуна ҷавонон истифода бурда, роҳи ягонаю дурусти халли мушкилоти онҳоро ба воситаи зуроварӣ, ҷанҷолу хархаша, занозанӣ, масхараю таҳқиркуниҳо нишон доданӣ мешаванд. Мо бояд Ватану модари хешро хифз намоем, дар дили хеш ҳамеша хисси ватандӯстиро парвариш диҳем, ифтихор кунем, ки чунин Ватани тинҷу ором, зебову хуррам ва соҳибистиклол дорем. Мо барои ҳамаи чавонон сабру қаноатмандиро пеша карда, аз пайи омузиши илм, аз худ кардани касбҳои гуногунро тавсия дода, барои ободиву осудагии Тоҷикистони азизамон бикушем. Ба даъватҳои ин гуруҳҳои ифротгарову ҷангандоз ҳаргиз гуш надиҳем.

Мо, маорифчиёни кишвар бо мақсади эмин нигох, доштани фазои оромии Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он, дар инҷода озод будани ҷавонон аз чунин ҳаракатҳои ифротгарои бояд корро дар ин самт аз ҷумла таълиму тарбияро пурзур намоем. Бадро аз нек, фоидаро аз зарар баҳри ояндаи фарзандони миллати тоҷик ва тоҷикистониён фарқ кунем. Ҳамарӯза аз иқдомҳои пайгиронаи сарвари давлат, Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда, дар фаъолияти рӯзмарраи худ истифода барем.

 

Пирхонов Аъзамҷон, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ  дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кушониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg