БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҲЗАТИЁН БОЯД ДОНАНД, КИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН БОРИ ДИГАР БА ДОМИ ОНҲО НАМЕАФТАД!

ВОКУНИШ. Дар охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта  кишвари азизамон  ба  вартаи  нооромиҳои   дохили кашида шуд. Як  Ҷумҳурии  кучаки собиқ Шуравӣ қариб буд, ки аз байн бардошта шавад. Лекин  қувваҳои  аҳримани ба мақсади худ  нарасиданд, зеро онҳо  ба муқовимати  сахти  қуваҳои  некӣ дучор шуданд. Бояд иқрор шуд, ки дар саргаҳи ин  нооромиҳо  ТЭТ ҲНИ меистод.

       Маҳз  аъмоли ин ҳизб буд, ки мо боиси талафоти моливу ҷонии зиёд гардида ба  даҳсолаҳо пешрафти иқтидори мо ақиб монд.

Ҳамаи пешравиҳои моро ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳсати ислом, ки дар қаламрави Тоҷикистон бо қарори Суди Олии кишвар мамнуъ элон карда шудааст, чашми дидан надорад. Онҳо бо ҳар роҳу восита  мехоҳад амнияту оромӣ, ваҳдати комил ва Истиқлолияти давлатии кишварро ноором  намоянд. Бо ҳар гунна роҳу восита мехоҳанд нооромиро дар мамлакати орому осоишта ва ру ба рушд ба миён оваранд.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ–Пешвои миллат, Призиденти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту  вохуриҳояшон  пайваста таъкид мекунад, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст  надода,  барои   рушди   кишвар  сахмгузор бошанд.

Дар ҳақиқат  ташкилоти таррористӣ-экстремистии ҳизби назҳати   исломӣ дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд авзои тинҷу ороми моро ба ҷангу нооромӣ  кашанд. Онҳо аз хориҷи кишвар истода дуруғу буҳтонҳои гушнорасро мебароранд, ки боиси бовар кардан нестанд.

Тоҷикистон як маротиба дар худ ин нооромиҳоро ҳис карда буд. Мо ҳеҷ гоҳ намегузорем байни худ хархаша карда, боз ба даҳсолаҳо Тоҷикистонро аз рӯшд боз дорем.

         Наҳзатиён бояд донанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дигар ба доми онҳо намеафтанд. Мо якдилу якҷонем ва намегузорем, дар кишвари азизамон боз ноороми шавад.

Қаландаров Сафархон – узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун                                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg