БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ!

АНДЕША. Ҳунари чакандӯзию кашидадӯзӣ, бофандагию наққошӣ яке аз ҳунарҳои аҷдодони миллатӣ куҳанфарҳангӣ тоҷик ба ҳисоб рафта, аз гузаштаи дур то ба имрӯз боқи мондааст. Дар замони Шӯравӣ занҳои тоҷик аз ҷумла модарони солхӯрда дар фаслӣ сардиҳо зери алобҳои печка ва сандалиҳои гарм нишаста, барои фарзандону наберагонашон ҷомаю тоқӣ ва дигар либосҳои ба онҳо хосро бо дастони пурҳунарашон омода мекарданд. Аз ин иқдоми неки модарон, гулдухтаронашон хушнуд гардида, он либосҳои зебою шинами баҳориро ба бар карда барои чидани гулҳои баҳори мебаромданд.

Хайрулло як ҷавони 36- сола аз Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия Кӯшониён аст, ки мегӯяд дар замони Шӯравӣ дар сини 5 солагиаш бибияш барои ӯ аз матое, ки ҳамон вақт “Шоҳин” ном мебурданд, ҷома омода кардааст, ки ҳоло дар сандуқи хонааш маҳфуз дошта шудааст. ӯ ёде аз хотироти кӯдакӣ надорад, вале меҳри зиёде, ки бибиаш ба ӯ дошт, чеҳраи зебои бибиаш аз пеши чашмони Хайрулло то ҳол дур нашудааст. “Ҷомае, ки бибиам барои ман омода карда буд, дар тани фарзандам мепушонидам, ки ҳоло фарзандам хеле калон шудааст. Хурсанд ҳастам, ки нишонае аз бибиам дорам. Ҳар гоҳе, ки ба он ҷома менигарам чеҳраи зебои бибиам пеши назарам меояд.”- гуфт ӯ.  Пӯшида нест, ки баъди бар ҳам хурдани Иттиҳодияи Шӯравӣ ҳунарҳои чакандӯзию бофандагӣ  рӯ ба нести дошт, ки дар аксар хонадони тоҷик қариб, ки як нишонае аз онҳо намонда буд.  Аммо бо эълон гардидани соли 2018 ва солҳои 2019-2021 соли “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои бофандагию кашидадӯзӣ дубора аз нав зинда шуд, ки хонаҳои арӯсҳои гулдухтарони тоҷик бо нақшҳои зебои либосҳои миллии тоҷикона боз ҳам зеботару рӯшантар гардиданд. Занҳои деҳаи Ҳофизи Шерозии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, дар баробари дигар занону модарони шаҳру навоҳии Ҷумҳурӣ нақшу нигорҳои хоси худро доранд, ки ҳунарҳои доштаашонро ба духтарони деҳот меомӯзонанд. Ин занҳо ҳунари чакандӯзӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзӣ, шероздӯзӣ ва дигар ҳунарҳои воло доранд, ки барои арӯсони деҳаҳои наздик либосҳои арӯсона ва болишту курпаҳои арӯсӣ медӯзонанд.

Олия Сафоловаи 63-сола яке аз занҳои ҳунарманди деҳаи Ҳофизи Шерозӣ аст, ки бо дастони пурҳунараш байни сокинони гирду атрофи деҳа обрӯи хоса пайдо намудааст ва садҳо болишту курпа барои духтарони худ ва духтарони ҳамдеҳагонаш духтааст. Зимни сӯҳбати хеш Олия Сафолова, гуфт, ки  он ҳунаре, ки худ аз гузаштагонаш ба худ меърос гирфтааст, барои духтаронаш низ омӯзонидааст.  Ҳамарӯза бо духтани курпачаҳои қарама ва куртаҳои чакану чодарҳои арусона  машғул мешаванд.  Имрӯзҳо ҳамроҳи духтаронаш ва шогирдон, ки онҳоро  низ аз нозукиҳои духтани банди гавҳора,  шерозҳои зебою шинам омода мекунад, ки харидорони худро доранд. “Ҳунар доштан хеле хуб аст, шахси ҳунарманд дар ҳамаҷо воломақом аст. Аз ҳисоби духтани либосҳои миллӣ даромади хуб ба даст меорам  ва ин ҳунари ниёгонамонро ба духтаронам омӯзонидаам, ки ҳар куҷое набошанд ба мисли худам даромади хуб дошта бошанд. Як банди гавҳораро аз 80 то 100 сомонӣ мефурӯшам, ки муҳлати омода шуданаш 10 то 15 рӯзро дар бар мегирад. Шерозҳое, ки медӯзем аз 15 то 20 сомонӣ арзиш дорад.”

Ҳоло чодарҳое, ки дар дасти ин занҳо мебинед бо дастони ҳунарманд холаи Олия ва шогирдонаш омода шудаанд, ки боиси таҳсину офарин зиёд ҳастанд.  Олия Сафолова, яке аз  занҳои соҳибэҳтироми деҳа ба шумор меравад, ки тӯлӣ чандин сол мешавад, бо лоиҳаҳои мухталифи USAID ҳамкории зич дорад ва намояндагони Лоиҳа, ки аз хориҷӣ кишвар ҳастанд нақшу нигораҳои тоҷиконаро ба эшон нишон медиҳад.   Барои дидан намудан аз ҳунари волои холаи Олия хориҷиҳо чандин маротиба ба хонаи ӯ омада, аз ҳунарҳои волои ин  зани ҳунарманд дидан  намуда, барои худашон ҳаргуна тоқиҳои рангоранг ва куртаҳои гулдӯзӣ харидори менамоянд Соли 2018 ва солҳои 2019-2021 соли “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд,  барои мо занони ҳунарманд имконият, фароҳам овард, ки маҳсули дасти мо занонро ба чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ба намоиш мегузоранд. Бисёр шод ҳастем, ки пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумиро дубора эҳё гардонид.”

Дар деҳаи Ҳофизи Шерозии ҷамоати номбурда мисли Олия Сафолова кам нестанд занҳое, ки бо духтани либосҳои миллӣ машғул ҳастанд. Гулнора Латипова, зани ҳунарманди дигаре ҳаст, ки бо духтани курпачаҳои қарама, куртаи чакан, куртаи попов ва гулдӯзию кашидадӯзӣ  машғул мебошад. ӯ мегӯяд ҳамасола духтарони деҳа барои иди Наврӯзӣ куртаҳои попов ва чакан фармоиш медиҳанд. “Ба андешаи ман ҳар як зан ё духтари тоҷик ҳунари дузандагию пазандагиро дошта бошад, зеро имрӯз зиндагии мардумӣ деҳаҳо бо пули муҳоҷират пеш меравад. Ҳолатҳое, мешавад, ки фарзандон аз русия пул равон карда наметавонанд, бояд аз инҷо даромаде дошта бошӣ, то дарёфт намудани маблағ гурусна намонӣ. Ё дари хонаи касе талбандагӣ наравӣ. Ман як болиштро 60-70 сомонӣ  мефурӯшам. Як болиштро дар муддати 4 ё 5 рӯз омода мекунам.”

Аз суҳбатҳои мусоҳибони мо бар меояд, ки ҳар як духтари тоҷикро мебояд дорандаи ҳунаре бошад, зеро имрӯзҳо таваҷҷӯҳи ҳукумати кишварамон барои дарёфти ҷойи кор ба занҳои хонашин равона гардидааст. Ҳамин аст, ки дар бештари ташкилоту идораҳои давлатии занҳо кору фаъолият ва баъзеҳояшон дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд.  Бузургон гуфтаанд “Ҳунар чашмаи зоянда ва давлатест поянда” Шахси ҳунармандро ҳамагон мешиносанду қадрдонӣ мекунанд. Аз ҳама муҳим зиндагиат на ба мушкилиҳову норасогиҳо, балки бидуни ғаму андуҳ мегузарад.

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ, узви ҲХДТ аз ноҳияи Кӯшониён 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg