БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНИ МО АЗ МАКТАБ ВОБАСТА АСТ, ДАР ОБОДОНИИ МАКТАБ САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Дар  ташкилоти ибтидоии “Танобчии миёна” вохӯрии судманд доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар рафти он раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб андешаҳои хешро баён дошта, иброз дошт, ки  ватандӯстии  мо аз саҳм гузоштан дар ободонии меҳан сарчашма мегирад.

Инчунин, мавсуф аз ҳамагон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват ба амал овард.  

Дар фарҷоми вобаста  ба  қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!” масоҳати 200 метри мураббаъ саҳни  муассисаи таълимӣ деҳа   сангфарш карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg