БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

ПАНҶ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари дурандеш ва хирадпеша, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва истиқболи шоистаи  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизб  дар ноҳияи Панҷ як қатор ташаббускориҳо роҳандозӣ гардида истодаанд.

Вобаста ба ин, барои ба тартиб даровардани гулгашту роҳравҳои боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия  бо иштироки  кормандони идораву муассисаҳо, аъзову ҷонибдорони ҳизб ва сокинони ноҳия шанбегии умумӣ гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ замини дохили боғ аз алафҳои бегона ва хушкида тоза карда шуда, дар гирду атрофи роҳравҳои  200 дона гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ шинонда шуданд.

         Ҳамин гуна ободкориҳо дар ноҳия бо ҷалби фаъолону ҷониборони ҲХДТ то ҷашни фархундаи кишвар гузаронида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg