
НОРАК.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ализода” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъулини ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, ҳадафҳои созандаи он андешаронӣ намуда, аз ҳар як сокини деҳа ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои болозикр даъват ба амал оварданд.
Баъдан дар баргузории қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ ва ҷӯйборҳои обгузар тоза карда шуданд.