БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ МАСЪУЛИЯТ ҲИС НАМОЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Файзи Истиқлол”-и деҳаи ба номи Хайрулло Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Тахти Сангин дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ваҳобиддин Абдуллоев   корманди масъули ҳизбӣ дар бораи  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон  аз хавфу хатари  ҷаҳони муосир  андешаронӣ намуда,  иброз дошт, ки ҳифзи  арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар вазифаи  мо шаҳрвандон мебошад.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф аз ҳар як иштирокчӣ ҷиҳати аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ,  тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳифзи  хоки муқаддаси Ватан даъват ба амал овард. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg