
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ба номи “Сафар Амиршоев” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Мирзозода Исуф атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ карда, зикр намуд, ки имрӯзҳо мо дар шароити то рафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳонӣ густариш ва пайдо гардидани зуҳуроти асри нав терроризму экстремизм қарор дорем. Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандон, насли наврасу ҷавонро, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳос дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи сиёсиву фарҳангии онҳо, заминаи мусоид дар муҳити хонаву муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа фароҳам оварем.
Баъдан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд.