![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/58772290_420499248762627_6751645923106881536_n.jpg?itok=C2uWiSCo)
ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Навобод» -и ҷамоати шаҳраки Киров оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Маҳмадов Одилҷон иштирок дошта, дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ андешаронӣ намуд.
Мавсуф дар идома афзуд, ки дар амалигардонии сиёсати ватандӯстонаи Роҳбари давлат моро мебояд бештар заҳмат кашида, содиқонаву сифдилона ва бо виҷдони пок ба халқу Ватан хизмат кунем, сари вақт нақшаи бунёдкоронаи худро бо сифати баланд ба анҷом расонем, зиракию ҳушёриро аз даст надода, атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардем.
Дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" дар маҳаллаи «Навобод» бо ҷалби соҳибкорони маҳалли бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо тариқи ҳашар идома доранд.