БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Мулкон” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мирзозода Исуф дар баромадаш қайд намуд, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, имрӯзҳо вақти он расидааст, ки бояд наврасону ҷавононро соҳибмаълумот ва дар руҳияи анъанаҳои миллӣ, ҳунару ҳунармандӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ тарбия намоем.
Дар охир Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуда, ҳамагон дар корҳои ободонии маҳалли зист саҳм гузоштанд.