БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БО ИНОТ СУЛҲ КАРДЕМ НА БО ҲНИ

ВОКУНИШ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷаста ва боиси пайравии ҳамагон мебошанд. Пешвои миллат баҳри ободонии Ватани азиз ҳамеша дар талош буда, тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то кишвари мо боз ҳам ободтар гардад.

Баъди сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ  мардуми сарбаланди Тоҷикистон роҳи пешрафту тараққиётро интихоб карда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мемонанд. Бунёди даҳҳо иншоотои ҳаётан муҳим, ободии минтақа, сарсабзии ҳар хонадон, шодиву суруди хурду калон  гувоҳи ин гуфтаҳост. 

Чунон ки иттилоъ дорем, чанде қабл зимни сафари кориашон ба вилояти Бадахшон Пешвои миллат баъд аз ифтитоҳи чандин биноҳои муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, давлатӣ ва корхонаҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Бадахшони кӯҳӣ бо аҳли ҷомеа мулоқоти судманд анҷом доданд. Ин мулоқоти таърихӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Пешвои  миллат айёми ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, бо ҷонфидоӣ ва кӯшишу заҳматҳои беандоза, саъю  талошҳои шабонарӯзӣ ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳро ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки  «Мо бо ИНОТ сулҳ кардем на бо ҲНИ».

Ҳақикатан, мардуми шарифи тоҷик шоҳиди он аст, ки сулҳи тоҷикон, ки назираш дар олам вуҷуд надорад маҳз бо ҷонфидоии Пешвои миллат муяссар шуд, вагарна мо ба ҳоли кишварҳои ҷангзада гирифтор будем! Маҳз сиёсати ҳакимонаи Пешвои миллат моро аз вартаи ҳалокат ба ояндаи дурахшон расонид. Роҳбари давлат қадри сулҳро дар мадди аввал гузошта ба тамоми талаботи мухолифин розӣ шуданд, мансабҳои баланди давлатиро ба онҳо доданд ва муҳимтар аз ҳама тамоми гуноҳҳои нобахшидании мухолифинро бахшиданд.

Аммо мухолифин, яъне ҲНИ дар камин меистодааст, то аз ҳалимии Роҳбари давлати тоҷикон истифода бурда,  шабхоун занад. Пайт мепоидааст то бори дигар миллати моро ба  хоку хун оғушта созад, зеро онҳо кайҳо дину маҳзабу ватану миллатро фурӯхта буданд. 12-уми майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониҳояшон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа саҳифаҳои нави хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онро нисбат ба давлату мардуми Тоҷикистон ифшо намуданд. Дар ин суханронӣ Роҳбари давлат бо такя  ба далелҳои муътамад ва мисолҳои дақиқ бо ин мазмун таъкид карданд, ки пайравони ҲНИ  мазҳаби бегонаро қабул карда, баъзе аз онҳо дар хизмати доираҳои махсуси идеологии он қарор гирифтаанд.

Пас аз садо додани ин ҳақикати ошкор, роҳбарони гурезаи ҲНИ ва хоҷагони он ба изтироб афтода, маъракаи васеи иттилоотиро барои инкори ин ҳақиқат ба таври сунъӣ созмони опозиатсионӣ бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис доданд, ки онҳо ифротгарони наҳзатӣ Муҳидин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, аз тариқи сайтҳо  атрофи ин мулоқоти Пешвои миллат мусоҳиба ороста, талош доранд, ки наҳзатиёнро аҳли мазҳаби ҳанафӣ нишон дода, шиа шудани онҳоро бо ҳар роҳ пинҳон кунанд.

Далелҳои бешумор, шоҳиди аъзои ҳизб, санаду навору суратҳои зиёде борҳо исбот мекунад, ки роҳбарони ҲНИ мазҳаби халқи худро фурӯхта, пурра ба мазҳаби бегонаи шиа даромадаанд.

1.Санадҳои  таърихӣ нишон медиҳад, ки аксари роҳбарияти ҲНИ ҳанӯз аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз худро муриди роҳбари инқилоби шиагии Эрон Оятулло Ҳумайнӣ дониста, ҳамчун шиаҳои инқилобӣ ӯро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меноманд.

2.Далели дигаре, ки дараҷаи олии пайравию пойбандии наҳзатиён аз маҳзаби шиаро исбот мекунад, аксари роҳбарони ҲНИ  номҳои фарзандонашонро ба номи имомони мазҳаби шиа, номҳои пешвоёни инқилоби исломии Эронро ба монанди Меҳдӣ, Ҷавод, Бокир, Муртазо, Ҳумайнӣ, Биҳиштӣ, Руҳуллоҳ, Ҳусайнӣ, Боҳунар, Ҷамрон, Ҳоирӣ, Заҳро ва ғайраҳо номгузорӣ кардан мебошад. Масалан, фарзанди худи асосгузори ҲНИ Нурӣ-Биҳиштӣ ва Ҳусайн, фарзандони раиси ҲНИ М. Кабирӣ Руҳуллоҳ, Муртазо, Биҳиштӣ  ва Меҳдӣ ва ғайра ном доранд. Инҳо ҳамаашон номҳои пешвоёни инқилоби исломии Эрон аст, ки ба таври анъанавӣ барои тоҷикон хос нест. Ин далелҳои оддӣ пайравии роҳбарони ҲНИ-ро  нисбат ба пешвоёни мазҳаби шиа нишон медиҳад.

3.Далели дигари гароиши бевоситаи роҳбарияти ҲНИ ба маҳзаби шиа дар он аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ садҳо нафар фаъолон ва пайравони ин ташкилот дар мадрасаҳои динии шиагӣ дар Эрон дарс хонда, ба маҳзаби шиа даромадаанд. Таъминоти молии  худ ва оилаҳои роҳбарони ҲНИ пурра аз тарафи марказҳои маҳзаби шиа таъмин мешуд.

Баъди барқарории сулҳ дар Тоҷикистон алоқаҳои аъзоёни  ҲНИ бо мазҳаби шиа баққуваттар шуд. То манъ шудани фаъолияти  ҲНИ беш аз 800 нафар ҷавонон, аксарашон фарзандон ва хешу таборони аъзоёни ҲНИ мебошанд, дар мадрасаҳои маҳзабии Эрон дарс мехонданд.

Соли 2013 раиси ин ҳизб М.Кабирӣ дар Теҳрон муовини роҳбари ин ҳаракати байнаналқӣ интихоб шуд.

Бояд гуфт, ки «ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва  сиёсии     ифротгарои мазҳаби шиа буда, қувваҳои динию сиёсии шиа-шиагаронро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон бо ҳам муттаҳид мекунад.

Ҳамаи ин далелҳо ҳақиқатро нишон медиҳад, ки роҳбарони ҲНИ дар ивази молу манфиат маҳзаби шиаро қабул карда, аз доираи маҳзаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд.

Номҳои оилавиашон, гапҳояшон ва шиорҳояшон, амалҳояшон, ҷойи хонданашон, паногоҳҳояшон, ҷойи зиндагиашон, амалҳояшон, ҳамааш нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии халқи тоҷик рӯирост даст кашида, ба маҳзаби бегона дохил шудаанд.

Бинобар  ин, ҳамаи моро зарур аст, ки баҳри  ҳифзи фазои андешаи динӣ, сулҳу ваҳдат ва якпорчагии давлат ҷидду ҷаҳд намоем, руҳияи созандагиву бунёдкориро талқин, дар ободонии Ватани азиз, таълиму тарбияи фарзандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар муқаддасоти худ равона созем. Маҳз ваҳдати миллӣ ва оромиву  амнияти давлатӣ имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари сулҳу ваҳдат муаррифӣ гардад.

 

М.Ҷаъфарзода, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳияи Қубодиён                                                                                                           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg