ШАҲРИТУЗ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷа Дурбод»-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Хониши сиёсӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Шаропов Ҳомидҷон дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъдан ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳҳои деҳа сангфарш карда шуданд.