КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни суҳбату мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рафтору амали муғризона ва мақсадҳои нопоки ташкилотҳои террористию экстремистӣ пайваста огоҳонида мешаванд.
Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии “Сомониён” мулоқот доир карда шуд.
Дар оғоз мудири шуъбаи кор бо занони раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз эътиқоди динӣ зуран сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи мо, Ватани мо, идеологияи миллии мо, мардуми мо ва ҳар нафари мо равона шудааст. Аз ин рӯ зарур аст, ки мақсадҳои ин гурӯҳҳои ифротиро дуруст дарк карда, дар навбати худ ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош бар он варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар карданд онҳоро сарбаландона иҷро намоем.
Иштирокдорони маҷлис дар навбати худ низ андешаҳои хешро нисбат гурӯҳҳои террористӣ баён дошта, гуфтанд, ки ҳадафи аслии онҳо аз байн бурдани давлати мустақилли мо, нобуд кардани таъриху фарҳанг ва нобудии миллати мо ҳаст ва мо амалу рафтори ин гурӯҳҳои ифротиро ҷиддан маҳкум карда, бар зидди ҳамагуна унсурҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо таъдид мекунад муборизаи беамон хоҳем бурд.
Зимни Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” як нафар собиқадори меҳнат аёдат карда шуда, маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.