ҲАМАДОНӢ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар мачлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 семинар машварати ҳизбӣ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои махаллаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, имомхатибони масҷидҳо гузаронида шуд.
Дар семинар- машварат Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни баромад Раҳмонзода Абддуло оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.
Баъдан Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар бораи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва дуруст истифода бурдани заминҳои корам ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шугл суханронӣ кард.
Инчунин,дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ғаффорзода Давлатҷон барои баргузорӣ ва иштирок дар семинар-машварати ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки семинар-машварат ба беҳтаршавии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ мусоида хоҳад кард.