Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲХДТ – ҲИЗБИ ПЕШСАФУ РОҲНАМО

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии “Зарбдор-2” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок дошта,

қайд намуд, ки ҲХДТ ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфта, дар татбиқи амалҳои созанда ҳамчун ҳизби пешсафу роҳнамои ҷомеа мебошад.

Мавсуф дар идома гуфт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади роҳнамоии ҷомеа ҷиҳати муайян кардани вазифаҳои ҳар як шаҳрванд дар самти пойдории Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, рушди устувори иқтисодӣ, нигоҳдории ҳувияту асолати миллӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок корҳои тарғиботиву ташвиқотиро вусъат бахшидааст.

Инчунин, таъкид шуд, ки аъзои ҳизбро зарур аст, дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятиро дуруст дарк карда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа иқдом намояд ва эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти ҳизб бештар гардонанд.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, ба як нафар шахси маъюб маводҳои хӯрока кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg