БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАВУ САРИШТАКОРОНА НЕРӮИ БАРҚРО БОЯД ИСТИФОДА БУРД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Хонаободи ҷамоати деҳоти Даҳана оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис доир карда шуд.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок ва баромад намуданд.

Зимни суҳбат Орзу Ҳамидиён қайд дошт, ки василаи асосии расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ дар он аст, ки сокинон бояд сарфаву сариштакорона нерӯи барқро тавассути технологияҳои каммасраф истифода бурда, ҳаққи хизматрасонии қувваи барқро саривақт ва бовиҷдонона пардохт намоем.

Дар охир таъкид шуд, ки истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимму стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg