
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ӽасан Қурбон»-и ҷамоат деӽоти Тугарак доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши доир гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ зимни баромади хеш қайд карданд, ки мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пурзӯр намудани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон мебошад.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи иштирокдоронро вобаста ба вазифаҳои волидайн, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд бо овардани мисолҳо аз адабиёти классику муосир ҷалб намуда, иброз дошт, ки қабули қонуни мазкур ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон, бахусус дар шароити пуртаззоди муосир масъулияти бештарро эҳсос намоем.