БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ САМТИ МУҲИММИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бойторӣ” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Фирӯзи Саидмӯъмин  корманди масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар вохӯрӣ қайд кард, ки солимии миллат асоси рушди давлат ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки баланд бардоштани маърифат ва мусъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ самти афзалиятноки ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Инчунин,  дар идома гуфта шуд, ки мо ҳизбиён вазифадорем ба дарки ҷомеа расонем, саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост. Тамоми бемориҳое, ки аз зери назар дур мемонад ва дар сари вақт барои пешгирии паҳншавии он чораҳои мушаххас намеандешанд, ба саломатии одамон хатари ҷиддиро ба миён оварда, дар баъзе мавридҳо оддитарин бемориҳо сабабгори марги инсонҳо мегардад.

Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар шахси маъюб маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg